Савол № 00853

Аз бисёриҳо шунидам, ки Худо дар болои арш аст. Оё ин сухан дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои гиромӣ. Аз бисёриҳо шунидам, ки Худо дар болои арш аст. Оё ин сухан дуруст аст?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худо дар болои арш аст гуфтан маънои исботи макон барои Худоро дорад, ки хилофи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошад. Худованд аз гирифтани макон барои худ поку муназзаҳ аст, зеро мефармояд: «Чизе монанди Ӯ нест; ва Ӯ Шунавои Бино аст».(Сураи «Шӯро», ояти 11) Ҳазрати Имоми Аъзам (р) дар китоби “Васиятнома” чунин мегӯяд: “Мо иқрор мекунем, ки Аллоҳ таъоло бар арш истиво дорад, бидуни ин ки ба он ниёз ва эҳтиёҷе дошта бошад ва ё бар он истиқроре ёфта бошад, балки Ӯ таъоло ҳофиз ва нигоҳдорандаи арш ва ғайри арш аст. Агар Ӯ таъоло муҳтоҷи арш мешуд, ҳаргиз бар эҷоди олам ва тадбири умури он мисли дигар махлуқот қодир шуда наметавонист. Агар Аллоҳ таъоло ба нишастан эҳтиёҷ медошт, пас қабл аз офариниши арш дар куҷо буд?Ҳол он ки Аллоҳ таъоло аз ин ҳама сифатҳо поку муназзаҳ аст”.

2017-02-08
4983
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42