Савол № 00855
Оё тарсидан гуноҳ аст, агар гуноҳ бошад, пас одаме ҳаст, ки аз ҳеҷ чиз (торикӣ, ужас, ҷойхои махсус) натарсад?
Савол:
Оё тарсидан гуноҳ аст, агар гуноҳ бошад, пас одаме ҳаст, ки аз ҳеҷ чиз (торикӣ, ужас, ҷойхои махсус) натарсад?
Саволдиҳанда: Мартин
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, табиати инсонҳо гуногун аст, бархе шуҷоъ ҳастанд ва баъзе тарсу. Тарсидан гуноҳ нест, иллати онро табибон хуб муайян мекунанд. Вале бандаи мӯъмин бояд ҳамеша тарси Худоро дар дил дошта бошад, яъне доим пойбанди дастурот ва фармудаҳои Худованд буда, аз маъсият ва гуноҳон дурӣ ҷӯяд, ҳамзамон шуҷоъ ва боғайрат бошад.