Савол № 00860

Ҳукми фолбинҳо дар Ислом чист? Хусусан ин ҷодугароне, ки дар ҷумҳуриамон зиёд шуда истодаанд. Бо ҳадисҳову ривоятҳо ҷавоб диҳед.

Савол:

Домуллои муҳтарам, ҳукми фолбинҳо дар Ислом чист? Хусусан ин ҷодугароне, ки дар ҷумҳуриамон зиёд шуда истодаанд. Бо ҳадисҳову ривоятҳо ҷавоб диҳед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, фолбинӣ аз нигоҳи Ислом ҳаром аст ва анҷомдиҳандаи он гунаҳкори азим мешавад. Бисёре аз шахсони сеҳршуда бемор мешаванд ё табиату одаташон тағйир меёбад. Тамоми донишмандон иттифоқ доранд, ки сеҳр дар нороҳатӣ ва аз байн рафтани саломатӣ таъсир дорад. Бояд яқин дошт, ки сеҳр бо ёрӣ ҷустан аз шайтонҳо ва анҷом додани корҳои ҳарому палид ба вуқуъ мепайвандад, ҳол он ки тамоми ин корҳо роҳе ба сӯйи куфр мебошад ва барои мусулмоне, ки ба Худо ва рӯзи охират имон дорад, ҷоиз нест, ки онро анҷом диҳад. Худованд дар бораи зиёни сеҳр мефармояд: “Ва соҳир ҳар ҷо, ки равад, растагор намешавад”. (Сураи “Тоҳо”, ояти 69) Ба хотири гирифтор нашудан ба сеҳр бояд фарди муъмин ҳар субҳу шом оятҳо ва сураҳоро бихонад, иншоаллоҳ аз газанди он эмин мемонад. Худованд мову шуморо аз шарри бадон ва макру найранги фоҷирон дар амони хеш нигоҳ бидорад ва касонеро, ки ба сеҳру ҷоду гирифтор шудаанд, офият бубахшад.

2017-02-10
4843
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42