Савол № 00861

Мехостам фаҳмам, ки нишонаи дар хоб дидани Ҷабраил (а) ва Азроил (а) чист?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз, мехостам фаҳмам, ки нишонаи дар хоб дидани Ҷабраил (а) ва Азроил (а) чист?

Саволдиҳанда: Фаррух

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хоб эҳтимоли росту дурӯғро дорад, аммо фарди мусулмон ҳар гоҳе хоб мебинад, бояд ба ояндаи худ некбин бошад. Агар тавоноӣ дошта бошад, ба қадри тоқаташ ба муҳтоҷону ниёзмандон садақа кунад ё ин ки намози нофила гузорад ва аз Худованд барои худ ва хонаводааш хайру офият талаб намояд. Набояд фаромӯш кард, ки фариштагон дар хоб ба суратҳои гуногун зоҳир мешаванд.

2017-02-10
4122
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср17:59
Шом20:01
Хуфтан21:31