Савол № 00874

Оё дар вақти хоб ба фарзанд гуфтани афсона дурӯғ ҳисоб мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё дар вақти хоб ба фарзанд гуфтани афсона дурӯғ ҳисоб мешавад? Ё нақли ягон филми тасвирӣ, ки бача онро мебинад, лекин аз сабаби надонистани забони русӣ ё надоштани фонди луғавӣ онро намефаҳмад? Ҳамаи мо медонем, ки афсонаҳо ва филмҳои тасвирӣ дурӯғ ҳастанд ва дар шариат дурӯғ ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ гуноҳ мебошад. Дар ин ҳолат чӣ тавсия медодед? Агар гӯед, ки қиссаҳои анбиёро ба фарзандон гӯем, ба ҷону дил мегуфтем, лекин онҳо ҳоло хурд ҳастанд ва қобилияти фаҳмишу шавқ надоранд. Ҳаминро низ бояд қайд намоям, ки бисёри афсонаҳо ва филмҳои тасвирӣ барои тарбияи фарзандон равона шудаанд, лекин боз такрор ҳам шавад, дурӯғ ин дурӯғ аст.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ  

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аввал ин ки афсона барои хушҳол ва ором кардани кӯдакон нақл карда мешавад. Ҳама гуна нақлу қиссаҳоро ба дурӯғ ҳукм кардан аз рӯи мурувват нест. Албатта дар китобҳо ва таърихномаҳо қиссаҳои дуруст ва саҳеҳ вуҷуд дорад. Шумо метавонед, ки аз ин гуна нақлу ривоятҳо ба кӯдакон мутобиқ ба синну соли онҳо ва фаҳму даркашон ҳикоят кунед. Ҳамчунин, баъзе филмҳое, ки аз ҷониби коргардонҳо рӯи навор меоянд, агарчи образҳои онҳо тахайюлӣ ҳастанд, лекин мисли онро дар зиндагӣ мушоҳида кардан мумкин аст ва мазмуни онҳо ба ҳақиқат ва воқеъияти ҳаёт мувофиқ мебошад, бинобар ин, чунин филмҳоро набояд ба дурӯғ ҳукм кард, зеро дар онҳо ҷанбаҳои тарбиявию ахлоқӣ ва ибратомӯз вуҷуд дорад.

2017-02-14
4054
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51