Савол № 00875

Барои қироати хуби Қуръон кардан чӣ гуна амалҳоро иҷро намоем? Оё дар ҳолати бедорӣ манӣ бидуни ихтиёр барояд, ғусл фарз мешавад?

Савол:

1. Барои қироати хуби Қуръон кардан чӣ гуна амалҳоро иҷро намоем? 2. Оё дар ҳолати бедорӣ манӣ бидуни ихтиёр барояд, ғусл фарз мешавад? Агар мазӣ барояд чӣ? 3. Баъд аз марг қароргоҳи пайғамбарамон (с) дар куҷост? Чунки шунида будем, ки Пайғамбарамон (с) дар шаби Меъроҷ дар ҳар як дари осмонҳо бо дигар пайғамбарон вохӯрданд ва он ҷойҳо қароргоҳи он пайғамбарон буд?

Саволдиҳанда: Ҳалим

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. 1. Бародари азиз, барои дуруст қироат кардани Қуръон донистани илми таҷвид ва омӯхтан аз устод зарур мебошад. 2. Агар манӣ бидуни шаҳват хориҷ шавад, ғусл воҷиб намешавад. Баромадани мазӣ ғуслро воҷиб намегардонад, балки вузӯ воҷиб мешавад. 3. Баъд аз марг қароргоҳи рӯҳи ҳамаи паёмбарон ва инсонҳо дар олами арвоҳ, яъне дар барзах аст. Рӯҳи пок ва мутаҳҳари Ҳазрати Пайғамбар (с) дар “Малаи аъло” дар мақоми “Аъло иллиййин” қарор дорад. (“Саҳеҳ”-и Бухорӣ, с. 556)

2017-02-17
3386
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38