Савол № 00876

Шукронаи Худо соли гузашта писардор шудам ва номашро Юсуф мондем. Имрӯз ҳам писардор шудам, хостем номашро Ёсин гузорем. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Шукронаи Худо соли гузашта писардор шудам ва номашро Юсуф мондем. Имрӯз ҳам писардор шудам, хостем номашро Ёсин гузорем. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Саволдиҳанда: Нодир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, таваллуд шудани ин навзодро барои шумо муборакбод гуфта, барои ҳамаи фарзандонтон умри дарози бобаракат, илми нофеъ ва амали солеҳро орзумандем. Интихоби номи Ёсин барои фарзандатон шоистаи таҳсин аст, зеро ин ном ҳам  мисли номи Юсуф зебо ва дилписанд аст. Албатта агар ӯро Муҳаммадёсин ном мегузоштед, боз ҳам хубтар ва беҳтар мешуд.

2017-02-16
4007
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51