Савол № 00088

Домуллои муҳтарам илтимос ба мо мегуфтед, ки гӯшти ҳайвонҳои забҳкардаи аҳли китоб ва таомҳои онҳоро хӯрдан мумкин аст ё не?

Савол:

Домуллои муҳтарам илтимос ба мо мегуфтед, ки гӯшти ҳайвонҳои забҳкардаи аҳли китоб ва таомҳои онҳоро хӯрдан мумкин аст ё не? Бо эҳтиром як гурӯҳ муҳоҷирон аз Руссия

Ҷавоб:

Бародарони азиз аввало Шуморо Худованд дар ҳифзу паноҳи худ нигаҳ бидорад, ки дур аз хонаву дар дар пайи ризқу рӯзии худ ҳастед. Доири масъалаи Шумо чунин посух медиҳем, ки гушти ҳайвонеро, ки тибқи усули Аҳли Китоб (яҳудиён ва масеҳиён) кушташуда ва таомҳои пухтаи онҳоро хӯрдан мумкин аст. Дар ин бора дар Қуръони карим чунин омадааст:”Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли Китоб бар шумо ҳалол аст ва таоми шумо бар онҳо ҳалол аст” Сураи “Моида” ояти 5.
     Эзоҳ: Пеш аз истеъмоли таоми аҳли китоб ҷиҳати итминон ва яқин бояд мушаххас намуд, ки зарфи хурок бо гӯшт ё равѓани хук олуда нашуда бошад.

2015-05-05
3710
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38