Савол № 00880
Кадом уммати Муҳаммад (с) 300 сол умр дидааст?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Кадом уммати Муҳаммад (с) 300 сол умр дидааст?
Саволдиҳанда: Зинатулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тибқи ривоятҳои таърихӣ ин шахс саҳобии ҷалилулқадри Паёмбари Худо (с) ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мебошад. Дар китобҳои таърих ва сират навиштаанд, ки ҳазрати Салмон (р) 250 сол ва ба ривояте 350 сол умр дидаанд. Аммо ривояти аввал саҳеҳтар мебошад. (“Мирқотул-мафотеҳ”, ҷ. 2, с. 259)