Савол № 00883
Оё рӯҳи гузаштагон моро дида ва шунида метавонанд?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё рӯҳи гузаштагон моро дида ва шунида метавонанд? Қаблан ташаккури зиёд!
Саволдиҳанда: Абдулҳамид
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар тафсири ояти 42-уми сураи “Зумар” чунин мефармояд: “Ба ман хабар расидааст, ки арвоҳи зиндагон ва мурдагон дар хоб мулоқот мекунанд, баъд аз ин Худованд рӯҳҳои мурдагонро нигоҳ медорад ва рӯҳҳои зиндагонро ба ҷасадҳояшон бозпас мефиристад”. Рӯҳҳои мӯъминон аз масофаи як шабонарӯз бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳамдигарро мешиносанд. (“Муснад”-и Имом Аҳмад, ҷ. 2, с. 175)