Савол № 00888

Домуллои азиз, магар дар моҳи Рамазон бо ҳамсари худ ҳамхоба шудан мумкин нест?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ин ривоятро аз назар мегузаронидед: “Марде назди Паёмбар (с) омаду гуфт: Эй Расули Худо (с), ман ҳалок шудам. Паёмбар (с) гуфт: Вой бар ту, чӣ мегӯӣ? Он мард гуфт: Бо занам дар Рамазон ҳамхоба шудам. Паёмбар (с) гуфт: Ғуломеро озод кун”. Илтимос ба ин ривоят рӯшноӣ андозед, магар дар моҳи Рамазон бо ҳамсари худ ҳамхоба шудан мумкин нест?

Саволдиҳанда: Абдулҳамид 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳамхоба шудан бо ҳамсар дар шабҳои моҳи шарифи Рамазон боке надорад. Худованд дар ин маврид мефармояд: “Мухолатат (омезиш) кардан бо занони худ дар шаби рӯза барои шумо ҳалол карда шуд. Онҳо шуморо (чун) пӯшишанд ва шумо онҳоро (ба ҷои) пӯшишед”. (Сураи “Бақара”, ояти 187) Аммо воқеае, ки дар ривояти мазкур баён шудааст, дар рӯзи моҳи Рамазон рух додааст. Бинобар ин, ҳар фарде, ки дар моҳи Рамазон рӯзона бо ҳамсари худ қасдан ҳамхоба шавад, каффорат медиҳад.

2017-02-20
4450
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44