Савол № 00089

Баъди ҳаммом кардан барои адои намоз таҳорат кардан аст лозим ё на?

Савол:

Баъди ҳаммом кардан барои адои намоз таҳорат кардан аст лозим ё на?

Саволдиҳанда:Аслидин

 

Ҷавоб:

Ассалому алайкум, бародари гиромӣ Аслиддин.Тибқи дастуроти шариати Ислом ғусл кунанда бояд дар ибтидои ғусл мисли вузӯи намоз вузӯ бигирад. Баъд аз ғусл вузӯи нав гирифтан лозим нест. Ин тариқи ғусл, ки баён шуд, мувофиқи суннат аст. Баъд аз ҳаммом намудан, агар ба ҳамаи аъзоҳои дар таҳорат шусташаванда об расида бошад, намоз хондан ҷоиз аст. Дигарбора таҳорати нав кардан лозим нест. («Шарҳул-виқоя», китоби таҳорат, «Ҳидоя», китоби таҳорат, фаслимасҳ).

2015-05-07
5122
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43