Савол № 00895
Шахсоне, ки дар дасту бозу, рӯй ё дигар ҷои узви бадани худ расмҳои мор, аждаҳо, моҳу ситора ва дигар аксҳо (ба истилоҳи русӣ наколка ё наклейка)-ро ҷой медиҳанд, ҳукми ин гуна одамон дар Исломи азизамон чист?
Савол:
Салому дуруди бепоён ба Шумо, домуллои муҳтарам. Шахсоне, ки дар дасту бозу, рӯй ё дигар ҷои узви бадани худ расмҳои мор, аждаҳо, моҳу ситора ва дигар аксҳо (ба истилоҳи русӣ наколка ё наклейка)-ро ҷой медиҳанд, ҳукми ин гуна одамон дар Исломи азизамон чист? Оё онҳо бо ҷой додани чунин расмҳо намоз гузорида метавонанд ё на?
Саволдиҳанда: Шоҳҳусайн
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, намоз дорои дувоздаҳ фарз аст, ки бо анҷом додани онҳо намоз дуруст мешавад. Пӯшидани либосҳои суратдор ё нақш кардани ҳар гуна сурат дар бадан кароҳият дорад, вале барои дурустии намоз монеа эҷод намекунад. Касе, ки дар баданаш чунин нақшҳо вуҷуд дорад, саъй кунад, ки онҳоро аз бадани худ пок намояд, зеро ин амал аз ҷумлаи ахлоқи мусулмони комил нест. (“Хулосатул-масоил”, ҷ. 1, с. 64-66)