Савол № 00009

Ҷойгоҳи тозагӣ ва покизагӣ дар Ислом

Савол:

Домуллои муҳтарам дар маҳаллаи мо мардум на чандон ба тозагии гирду атрофи хонаашон аҳамият медиҳанд. Ҳар вақто ки ман мегуям, ки Шумо мусулмонед ва ислом ба тозагӣ таъкидҳои зиёд кардааст, онҳо ба суханони ман аҳамият намедиҳанд ва мегӯянд, ки Ислом ба ҳар чизи кучаку ночиз амр накардааст. Барои ҳамин аз Шумо хоҳишмандам, ки доир ба тозагӣ ва назофат Ислом чи мефармояд ба мо мегуфтед? Бародари Шумо Абдураҳмон аз ш. Душанбе

Саволдиханда Абдураҳмон

Ҷавоб:

Дар дини Ислом назофату покизагӣ ҷойгоҳи арзишманде дорад. Дини мубини Ислом моро ҳамвора ба сӯйи тозагию покизагӣ даъват мекунад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармояд:

«إن الله طيب يحب الطِّيب، نظيف يحب النظافة، كريم يحب الكرم، جَوَاد يحب الجود، فنظفوا أفنيتكم ولا تشبهوا باليهود». [الترمذي]

«Худованди таъоло пок аст ва покиро дӯст медорад, покиза аст ва покизагиро дӯст медорад, бахшанда аст ва бахшандагиро дӯст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро покиза нигоҳ доред ва ба қавми яҳуд шабоҳат маҷӯед». (Ривояти Тирмизӣ).
Бинобар ин, фарди мусалмон ба покиза доштани муҳити худ алоқаи хоссе дорад. Ҷое, ки тоза
ва покиза бошад, ба сокинон ва касоне, ки ба он ҷо меоянд, ҳисси оромиш мебахшад. Байни покизагии муҳит ва саломатии бошандагони он иртиботи мустақиме вуҷуд дорад. Маконе, ки поку озода бошад, баҳнгари шаъну мақоми сокинонаш мебошад.
Худованди мутаъол инсонро ба гунае офаридааст, ки тозагӣ ва зебоиро дӯст медорад. Фитрати солими башарӣ бо ҳар чизи тозаву зебо майл дорад ва ба он меосояд. Зебоӣ яке аз сифоте аст, ки Худованд онро дӯст медорад. Пайғамбар (с) дар ҳадисе мефармояд:

«إن الله جميل يحب الجمال». [مسلم]

 «Худованд зебо аст ва зебоиро дӯст медорад». (Ривояти Муслим). 
Назофат ва покизагӣ нишонаи имон аст. Аз Абӯмолик Ҳорис ибни Осими Ашъарӣ ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармудаанд:
 «Покизагӣ нисфи имон аст». (Ривояти Муслим).
Пайғамбар (с) дар мавриди истифодаи дурусти об ва ҳифзу нигоҳдошти он, ки манбаъи асосии ҳаҳт аст, тавсия ва дастуроти судманде додаанд. Аз ҷумла дар ҳадисе мефармояд:
 «Чун яке аз шумо аз хобаш бархезад, дасташро дар об наяндозад, то он ки онро се бор бишӯяд, зеро ӯ намедонад, ки дасташ дар куҷо қарор доштааст».
Дар ҳадиси дигаре мефармоянд: «Ҳеҷ яке аз шумо дар оби ҷорӣ бавл накунад ва дар он аз ҷанобат ғусл насозад».
Аз ин дастуроти Паҳмбар (с) чунин бармеояд, ки дини Ислом дар масъалаи назофат ва покӣ аҳамийяти волое қоил аст. Ҳамон тавре маълум аст, бисҳре аз бемориҳои сироятӣ ба сабаби риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ба вуҷуд меоянд, дар ҳоле ки Ислом чордаҳ аср пеш ин масоилро ҳаллу фасл намудааст.
Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд:
«Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад».
Инчунин дар ояти 108-уми сураи Тавба фармудааст:
 «Худо покизагонро дӯст дорад».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Пайғамбари Худо (с) фармуд:
 «Эй мардум, ҳамоно Худо пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул накунад.

 

النظافة تدعو إلى الإيمان و الإيمان مع صاحبه فى الجنة

Покизагӣ аз имон аст ва имон ҳамроҳи соҳибаш дар биҳишт аст.

«إن الله طيب يحب الطِّيب، نظيف يحب النظافة، كريم يحب الكرم، جَوَاد يحب الجود، فنظفوا أفنيتكم ولا تشبهوا باليهود». [الترمذي]

«Худованди таъоло пок аст ва покиро дӯст медорад, покиза аст ва покизагиро дӯст медорад, бахшанда аст ва бахшандагиро дӯст медорад, пас гирдогирди хонаҳоятонро покиза нигоҳ доред ва ба қавми яҳуд шабоҳат маҷӯед». (Ривояти Тирмизӣ).
      Мавзӯи таҳорат ва покӣ дар бештар аз 32 ҷои Қуръони карим зикр гардидааст. Худованд дар ояти 222-уми сураи Бақара мефармояд:

«Ҳамоно Худованд тавбакунандагон ва покшавандагонро дӯст медорад».

 

عن عائشة رضي الله عنها قالت: قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: السواك مطهرة للفم مرضاة للرب. (رواه البخارى).

Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд:
«Мисвок поккунандаи хубе барои даҳон ва василаи хушнудии Парвардигор аст». (Ривояти Бухорӣ).

 

قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: إذا شرب أحدكم فلا يتنفس. (رواه البخارى).

Расули Худо (с) фармудаанд: «Чун яке аз шумо об нӯшидан хоҳад, пас дар он нафас наяндозад». (Ривояти Бухорӣ).

عن أبى هريرة رضي الله عنه عن النبى صلى الله عليه و سلم قال: من بات و فى يده ريح غمر فأصابه شىء، فلا يلومن إلا نفسه. (رواه الترمذي و أبو داود و ابن ماجه).

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе шаб ба хоб равад, дар ҳоле ки дасташ бӯи ғизо дошта бошад, баъдан бар асари он дар дасташ дарде ва ҳ хорише пайдо шавад, пас фақат худашро маломат кунад». (Ривояти Бухорӣ).

 

قال رسول الله صلى الله عليه و سلم: اتقوا الملاعن الثلاثة: البراز فى الموارد، و قارعة الطريق، و الظل. (رواه أبو داود و ابن ماجه).

Пайғамбар (с) фармудаанд: «Аз се коре, ки сабаби лаънату нафрин мешавад, бипарҳезед: Қазои ҳоҷат намудан дар канораи об, дар сари роҳи мардум ва дар соя». (Ривояти Абӯдовуд ва Ибни Моҷа).

عن أبى ذر رضي الله عنه عن النبى صلى الله عليه و سلم قال: عرضت على أعمال أمتى حسنها و سيئها، فوجدت فى محاسن أعمالها الأذى يماط عن الطريق. (رواه مسلم و ابن ماجه و أحمد).

Аз Абӯзар (р) ривоят аст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Аъмоли неку бади умматам бар ман арза карда шуд ва дар миҳни амалҳои неки онҳо ҳатто дур кардани озор (партовгоҳҳо хору хас ва чизҳои бадбӯ) аз сари роҳро ҳфтам». (Ривояти Муслим, Ибни Моҷа ва Аҳмад).

 

عن أنس رضي الله عنه قال: كانت شجرة فى طريق الناس تؤذى الناس، فأتاها رجل فعزلها عن طريق الناس. قال: قال النبى صلى الله عليه و سلم: لقد رأيته يتقلب فى ظلها فى الجنة.  (رواه أحمد).

Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: «Дарахте дар сари роҳи мардум қарор дошт ва ононро озор медод, пас марде омаду онро аз сари роҳ дур кард. Ровӣ мегӯяд, ки Пайғамбар (с) чунин гуфт: «Он мардро дидам, ки дар сояи он дар биҳиш гаштугузор мекунад». (Ривояти Аҳмад).

Паҳмбари Ислом (с) низ фармудааст:

 الطهور شطر الإيمان                

        «Покизагӣ нисфи имон аст»

Таҳорат ва покизагӣ асоси тамоми ибодатҳост. Бинобар ин намоз ҳам, ки меъроҷи рӯҳӣ, тулӯъгоҳи маънавӣ  ва шоҳсутуни дини муъмин аст, танҳо ва танҳо бо погизагӣ  дуруст   мегардад.
Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки аз Расули Худо (с) шунидам, ки мегуфт:

لا تقبل صلاة بغير طهور                 

«Ҳеҷ намозе бе погизагӣ қабул намегардад»
Аз ин хотир бародарони исломӣ аз далоилҳои дар боло зикр гардида маълум шуд, ки назофат ва покизагӣ яке аз таълимотҳои муҳими дини мубини Ислом будааст, бинобар ин ҳар як фарди мусулмон бояд бо назофату покизагӣ пойбанд бошад, то ки дар назди Худо ва мардум маҳбуб қарор гирад.

2015-01-22
6216
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40