Савол № 00090

Ман дар вакти кор дастамро буридам. Гӯед, ки ман барои адои намоз чӣ тарз таҳорат кунам?

Савол:

Ман дар вакти кор дастамро буридам. Гӯед, ки ман барои адои намоз чӣ тарз таҳорат кунам?

Саволдиҳанда:Ҷамшед

Ҷавоб:

Бародари азиз Ҷамшед Дар китоби «Хулосатул-масоил» чунин омадааст: «Агар дар дасту по ва ё ягон аъзои вузӯ захм вуҷуд дорад ва ё беморие дорад, ки расидани об ба он узв зарар дорад, дасти тарро бар он аъзо масҳ кашад, агар масҳ ҳам зарар кунад, онро тарк кунад.

Агар захми аъзои бадан бо порчае баста шуда бошад ва боз кардани он зарар нок бошад, ба рӯи он порчаи баста шуда масҳ кашад ва боз кардани он лозим нест.

Агар порчае, ки бар рӯи захм баста шуда буд, боз карда шавад, вале захм хуб нашуда бошад, онро бибандад ва масҳи қаблан кашидааш ба ҳоли худ боқӣ аст, (яъне ҳоҷат ба масҳи дубора надорад), агар захм хуб шуда ва эҳтиёҷ ба бастан надошта бошад, масҳи қаблан кашидааш ботил мешавад, аз ин рӯ ҷои онро шуста, баъдан намоз бихонад».

(«Шарҳул-виқоя», китоби таҳорат, фаслимасҳ, «Хулосатул-масоил», с. 48.).

2015-05-07
6058
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43