Савол № 00907

Солҳои қабл, яъне айёми мактабхонӣ, рӯзе китоб мутолиа намекардам, худро ноҷур эҳсос менамудам. Бо хости Худо донишҷӯ шудам, аммо мутаассифона шавқи китобу дарс аз ман гум шуд. Ҳоло ҳангоме китоб ба даст гирам, маро хоб фаро мегирад.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз! Солҳои қабл, яъне айёми мактабхонӣ, рӯзе китоб мутолиа намекардам, худро ноҷур эҳсос менамудам. Бо хости Худо донишҷӯ шудам, аммо мутаассифона шавқи китобу дарс аз ман гум шуд. Ҳоло ҳангоме китоб ба даст гирам, маро хоб фаро мегирад. Сабабашро худам ҳам намедонам. Шояд баҳри рафъи ин ҳама танбалӣ ва баркарории зеҳни бурро ягон калимот ё ояте бошад? Лутфан ба мо ирсол мекардед муфтии гиромӣ! Қаблан гуфтан мехоҳам: Худо аз шумо розӣ бошад!

Саволдиҳанда Сино

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-алиййил-азим”-ро бисёр гӯед, иншоаллоҳ эҳсоси танбалӣ ва хоболудӣ бартараф шуда, завқу рағбати китобхонӣ дар шумо пайдо хоҳад шуд. Илова бар ин, барои мутахассис ё олим шудан ҳиммати баланд ва нияти нек доштан зарур аст, иншоаллоҳ дар ин ҳолат шумо комёб мешавед ва бар хоҳишоти нафс ғолиб мегардед. 

2017-02-27
2772
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38