Савол № 00910

Пас аз марги инсон расм ё наворҳои шахси марҳумро дидан дуруст аст? Ба рӯҳи ӯ зарар ва ё таъсир намерасонад? Агар зан аз шавҳар ду бор талоқ талаб кунад, аммо шавҳар умуман ҷавоб нагардонад, чӣ мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Ду суол дорам: 1. Пас аз марги инсон расм ё наворҳои шахси марҳумро дидан дуруст аст? Ба рӯҳи ӯ зарар ва ё таъсир намерасонад? 2. Агар зан аз шавҳар ду бор талоқ талаб кунад, аммо шавҳар умуман ҷавоб нагардонад, чӣ мешавад? Дар охир дар ҳаққи гузаштагон мо дуо фармоед. Қаблан ташаккури зиёд.

Саволдиҳанда Искандарзода

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, агар шахси фавтида дар расм ё навор амалҳои мубоҳ ва машруъ аз қабили сухани нек гуфтан, тиловати Қуръон кардан, хайру эҳсон намудан ва дигар аъмоли некро анҷом дода истода бошад, пас, дидани ин гуна навор монеъе надорад, балки сабаби ёдоварӣ аз амалҳои неки ӯ мешавад. Агар дар расм ё навор шахси фавтида машғул ба амалҳои номашруъ ҳамчун шаробнӯшӣ, рақсу бозӣ, ғайбату дашном ва дигар аъмоли хилофи шариат бошад, дар ин сурат дидани чунин навор ҳаром аст ва онро бояд маҳв кард. Чунки Расули акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Некиҳои мурдагонатонро ёд кунед ва аз зикри бадиҳояшон худдорӣ намоед”. (Ривояти Абӯдовуд ва Тирмизӣ). 2. Масъалаи хонаводагӣ аз ҷумлаи масоили муҳим ва ҳассос буда, барои посухи мушаххас ба он бояд ҳар ду тараф пурсида шавад. Дар қазияе, ки шумо баён кардаед, ҳеҷ халале дар никоҳи шумо пайдо нашудааст. Вале ҳамсари шумо набояд талоқи худро талаб мекард, зеро ҳар зане, ки бидуни узри шаръӣ талоқашро талаб кунад, ба лаънати Худованд ва фариштагон гирифтор мешавад. Аз ин рӯ, бояд тавбаву истиғфор намуда, бо ҳам муносибати неку дошта бошед. Худованд ба шумо ҳамдигарфаҳмӣ, зиндагии хушу гуворо ва фарзандони солеҳу солим насиб гардонад.

2017-02-28
3060
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38