Савол № 00912
Лутфан мегуфтед, ки бо худ гардонидани тӯмор ё гирифтани он аз муллоҳо ҷоиз аст ё на?
Савол:
Суол: Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Лутфан мегуфтед, ки бо худ гардонидани тӯмор ё гирифтани он аз муллоҳо ҷоиз аст ё на?
Саволдиҳанда Умедҷон
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи уламои мазҳаби ҳанафӣ бо худ гирифтани тӯмор ҷоиз аст, ба шарте ки дар он оятҳои қуръонӣ ё дуоҳои маъсура навишта шуда бошад. Гирифтани тӯмор барои он касоне аст, ки оятҳои қуръонӣ ва дуоҳои набавиро ба сабаби нодонӣ, пиронсолӣ ва ё хурдсолӣ хонда наметавонанд. Аммо касоне, ки ин дуоҳоро хонда метавонанд, барои ҳифз аз зарарҳои шайтон бояд худашон ин дуоҳоро субҳу шом ба баданашон бихонанд.