Савол № 00916

Дар овони мактабхон буданам ба акаам як хеши худамонро келин кардем. Ин зан зани ҳавобаланд буд ва сухани ҳеч касро гӯш намекард. Бо ҳам 2-3 сол зиндагии на он қадар хуб доштанд, баъд ...

Савол:

Ассалому алайкум. Дар овони мактабхон буданам ба акаам як хеши худамонро келин кардем. Ин зан зани ҳавобаланд буд ва сухани ҳеч касро гӯш намекард. Бо ҳам 2-3 сол зиндагии на он қадар хуб доштанд, баъд аз ҳам ҷудо шуданд. Пас аз ин чӣ рӯзҳое ба сари мо омад, мо медонему Худои болои сарамон. Падарам касалии диабети қанд шуданд ва дасташон шикаст. Ин ҳама аз пушти зиндагии акаам шуд. Шукри Худо ҳозир хубанд, аз ин кор шаш ё ҳафт сол гузашт. Ман мехоҳам, ки аз ин зан интиқоми азоби кашидаамонро гирам. Оё кори дуруст мекунам ё не? Илтимос, роҳи дурустро ба ман нишон диҳед.

Саволдиҳанда Хисрав

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, инсон дар зиндагиаш саъйу талош намояд, ки ҳамеша хайрхоҳи худ ва дигарон бошад, зеро бадӣ кардан кори осон аст. Аз кори бад ва номашруъ фақат шайтон хурсанд мешавад, аммо аз рафтори нек хушнудии Худованд ба даст меояд. Инсон кӯшиш кунад, ки дар муқобили бадӣ кори нек анҷом диҳад. Ин вазифаи мусулмони комил аст, ки ҳамеша таҳаммулпазир ва хайрхоҳ бошад. Умед аст, ки янгаатон рӯзе аз кардаҳои худ пушаймон мегардад ва ислоҳ мешавад. Шумо ба рафтор ва кори некатон идома диҳед, иншоаллоҳ аҷру савоби бешумор насибатон мегардад. Ҳазрати Пайғамбар (с) мефармоянд: “Ҳар инсоне ба хотири Худо аз касе гузашт кунад, Худо ба ивази ин ба ӯ хайру баракати зиёде медиҳад”.

2017-03-01
3803
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51