Савол № 00919

Дар намоз пас аз хондани «Аттаҳийёт» «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад…» мегӯем. Аммо ин дуоро дар чанд китоб хондам, ҳар гуна навишта шудааст: «салли аъло Муҳаммад, Муҳаммадин, Муҳаммадан...» Мегуфтед, ки хондани кадоми инҳо дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Дар намоз пас аз хондани «Аттаҳийёт» «Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад…» мегӯем. Аммо ин дуоро дар чанд китоб хондам, ҳар гуна навишта шудааст: «салли аъло Муҳаммад, Муҳаммадин, Муҳаммадан...»  Мегуфтед, ки хондани кадоми инҳо дуруст аст? Тарзи дурусти онро пурра менавиштед. Ин навиштаатон дуруд ба Расули акрам (с) ҳисобида мешавад? Қаблан ташаккури зиёд. Худо нигаҳбони Шумо бошад.

Саволдиҳанда Абдулҳамид

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тарзи дурусти навишти дуруди шариф чунин аст: «Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо саллайта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид». «Аллоҳумма борик ало Муҳаммадин ва ало оли Муҳаммадин камо боракта ало Иброҳима ва ало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум-Маҷид». Равиши суннати дуруд, ки Расули акрам (с) хондани онро дар намоз таълим додаанд, ҳамин аст. 

2017-03-01
4885
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56