Савол № 00924

Вақти хондани Қуръон агар садои азонро шунавем, аз тиловат худдорӣ кунем ё ки онро идома диҳем?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Вақти хондани Қуръон агар садои азонро шунавем, аз тиловат худдорӣ кунем ё ки онро идома диҳем? Илтимос, шарҳи муфассал диҳед.

Саволдиҳанда: Неъматулло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар дар аснои тиловат Қуръон садои азонро шунидед, аз хондан бозистед ва ба ҷавоби азон машғул шавед, зеро Расули Худо (с) фармудаанд: “Чун садои муаззинро шунидед, пас он чиро муаззин мегӯяд, шумо ҳам бигӯед”. Пас аз интиҳои азон метавонед, ки ба тиловати Қуръон идома диҳед. (“Нафъул-муфтӣ”, с. 28)

2017-03-04
3525
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:58
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:52