Савол № 00931
Саҳар баъд аз намози бомдод хобидан мумкин аст ё на? Агар мумкин бошад, пас аз чанд дақиқа ё соат хоб равад?
Савол:
Ассалому алайкум. Саҳар баъд аз намози бомдод хобидан мумкин аст ё на? Агар мумкин бошад, пас аз чанд дақиқа ё соат хоб равад?
Саволдиҳанда: Юсуф
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хобидан пас аз намози бомдод макрӯҳи танзеҳӣ аст, яъне анҷом надодани он беҳтар аст. Суннат он аст, ки пас аз адои намоз то тулуъи офтоб ба зикр ё тиловати Қуръон машғул шавад, пас аз тулуъи офтоб метавонад бихобад.