Савол № 00936
Ман дар хоб дидам, ки ҳолати сахте ба Расули Худо (с) пеш омадааст ва чаҳор ёр (р) чони Худро барои ӯ фидо доранд ва ӯро кумак мекунанд. Чӣ таъбир дорад?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман дар хоб дидам, ки ҳолати сахте ба Расули Худо (с) пеш омадааст ва чаҳор ёр (р) чони Худро барои ӯ фидо доранд ва ӯро кумак мекунанд. Чӣ таъбир дорад?
Саволдиҳанда: Ҳорун
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дидани Пайғамбар (с) дар хоб рост аст, агар шумо инсоне бошед, ки аз дастатон ягон кумак ба дини Ислом меояд, ба хотири Худованд анҷом диҳед. Қуръон хонда, садақае ба рӯҳи Расули акрам (с) ва гузаштагонатон бубахшед, зеро савоби дуо ва садақа барои гузаштагон фоида дорад. Ҳамеша дар корҳои нек ҳимматбаланд бошед.