Савол № 00947
Бе иҷозати волидайн пинҳонӣ оиладор шудан мумкин аст?
Савол:
Бе иҷозати волидайн пинҳонӣ оиладор шудан мумкин аст?
Саволдиҳанда: Гавҳар
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, агарчи тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе иҷозати волидайн никоҳ дуруст мешавад, вале иҷозати волидайн барои издивоҷ амри зарурӣ мебошад. Таҷриба нишон додааст, ки он ҷавононе, ки бе ризояти волидайн издивоҷ мекунанд, зиндагии бобаракат намебинанд ва оқибат пушаймон мегарданд. Бинобар ин, хидмати волидайнро қадр бояд кард ва дар ҳама корҳои зиндагӣ иҷозат ва дуои неки онҳоро бояд гирифт.