Савол № 00948

Дар маркази дилхушӣ пул сарф кардан гуноҳ аст? Дар марказҳои диллерӣ маблағ гузоштан ҳаром аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар маркази дилхушӣ пул сарф кардан гуноҳ аст? Дар марказҳои диллерӣ маблағ гузоштан ҳаром аст?

Саволдиҳанда: Тағоев

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз суолатон чунин бармеояд, ки шумо дар андешаи дунё ва охират ҳастед. Модоме ки шумо ҷои харҷ кардани пулро намеёбед, мо барои шумо тавсия медиҳем, ки агар ҳисси миллӣ доред ва ғамхори ҷомеа бошед, пас як миқдор аз он маблағатонро ба беморону ятимон ва маъюбоне, ки дар ҷомеа зиёданд ва шумо ҳам онҳоро хуб мешиносед, баҳри ободии охират ва иззати дунёи худ сарф намоед. Чунонки бузургон фармудаанд: “Иззати дунё ба мол аст, иззати охират ба аъмол”. Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли хайр насиб гардонад. 

2017-03-13
4538
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43