Савол № 00953
Инсон ба дунё меояд, Худованд дар охират дар биҳишт ё дӯзах будани ӯро дар тақдираш менависад ё на?
Савол:
Ассалому алайкум. Инсон ба дунё меояд, Худованд дар охират дар биҳишт ё дӯзах будани ӯро дар тақдираш менависад ё на?
Саволдиҳанда: Яъқуб
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, биҳиштӣ ё дӯзахӣ будани инсон дар тақдираш навишта шудааст, вале инсон маъмур ба бандагӣ аст, на баҳс кардан дар масъалаи тақдир. Бузургон гуфтаанд: “Ҳар чи ба забонат омад, гуфтӣ, ҳар чи ба даҳонат омад, хӯрдӣ, худат худатро ба ҷаҳаннам бурдӣ, дигарро чӣ гуноҳ?” Тақдир маълумоти пешакии Худованд аст, ки онро аз инсон пинҳон доштааст. Модоме ки инсон тақдирашро намедонад, бояд ҳамеша дар талоши анҷом додани некӣ бошад. Худованд намегӯяд, ки тақдиратро бидон, балки мегӯяд некӣ кун.