Савол № 00954
Зан дар кадом ҳолат сухани шавҳарро рад карда метавонад?
Савол:
Зан дар кадом ҳолат сухани шавҳарро рад карда метавонад?
Саволдиҳанда: Лола
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, зан дар масоили хонаводагӣ соҳиби ҳуқуқи хос аст. Аз он ҷумла, дар масоили ибодатӣ бо мард баробар аст, агар шавҳар ҳамсарашро аз хондани намоз, рӯза, закот ва ҳаҷ манъ кунад, метавонад, ки аз шавҳараш итоат накунад. Дар масоили занушавҳарӣ бошад, ҳар ду аз якдигар ҳаққи интифоъ доранд, ба шарте ки амалашон ба фармудаҳои шариат мухолиф набошад. Агар шавҳар аз ҳамсараш аз роҳҳои номашруъ тамаъ кунад, зан метавонад, ки хоҳиши ӯро рад намояд.