Савол № 00955

Дар ҳолати баланд хондани намоз ба ягон кас халал эҷод кунад, намозро баланд хонад ё паст? Оё намозро баланд хондан фарз аст?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Дар ҳолати баланд хондани намоз ба ягон кас халал эҷод кунад, намозро баланд хонад ё паст? Оё намозро баланд хондан фарз аст?

Саволдиҳанда: Комил

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баланд ё паст хондани намоз амри шариат ва хосси намози ҷамоат аст, аммо танҳогузор дар намозҳои ҷаҳрӣ (бомдод, шом ва хуфтан) ихтиёр дорад, ки онро бо овози баланд бихонад ё бо овози паст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 15-16)

2017-03-15
4743
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56