Савол № 00957
Лутфан муфассалтар мегуфтед, ки баъд аз намоз кадом дуо ва барои тасбеҳ гардонидан кадом дуоҳоро бояд хонд.
Савол:
Ассалому алайкум. Лутфан муфассалтар мегуфтед, ки баъд аз намоз кадом дуо ва барои тасбеҳ гардонидан кадом дуоҳоро бояд хонд. Худованд аз Шумо розӣ бошад.
Саволдиҳанда: Бахтиёр
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, равиши зикрҳо ва дуоҳои пас аз намоз чунин аст: Пас аз фориғ шудан аз намоз, яъне пас аз салом бигӯяд:
«Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Астағфируллоҳ, Аллоҳумма антас-Салому ва минкас-салом. Таборакта Раббано ва таъолайта ё Зал-ҷалоли вал-икром».
Тарҷума: Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Аз Худо омурзиш мехоҳам. Худоё! Ту Салом ҳастӣ ва саломатӣ аз Туст. Бобаракат ҳастӣ эй Парвардигори мо ва Боазаматӣ, эй Соҳиби бузургӣ ва икром.
Сипас ояти «Курсӣ»-ро бихонад ва тасбеҳотро бигӯяд. Баъд аз итмоми тасбеҳот ин зикрро бигӯяд:
«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳул-мулку ва лаҳул-ҳамд. Юҳйӣ ва юмиту ва ҳува Ҳайюл-ло ямут. Биядиҳил-хайру ва ҳува ало кулли шайъин Қадир».
Тарҷума: Нест худое ҷузАллоҳи ягона ва беанбоз. Мулк ва ситоиш Ӯрост. Зинда мегардонад ва мемиронад ва Ӯ Зиндаи намиранда аст. Хайр ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе Тавоност.
Пас аз гуфтани ин зикрҳо даст бардошта дуо кунад. Дар ин ҳолат ҳар дуое, ки бихоҳад, бигӯяд, зеро дуо пас аз намозҳои фариза мустаҷоб аст. Вале маъмулан ин дуои кутоҳ хонда мешавад:
«Аллоҳумма тақаббал минно салотано бифазлика ва карамика ва ло тазриб биҳо вуҷуҳано ё Илаҳал-оламин ва ё Хайран-носирин таваффано муслимин ва алҳиқно бис-солиҳин бираҳматика ё Араҳамар-роҳимин».
Тарҷума: Худовандо, ба фазлу карамат аз мо намозамонро бипазир ва онро ба рӯйи мазан, эй Худои оламиён ва эй беҳтарин мададгорон, моро мусулмон бимирон ва ба солиҳону некукорон бипайванд, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.
Пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз Қуръон ин дуо хонда мешавад: «Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақӯно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманӯ, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».
Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дӯзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.
Дар охир ин дуоро мехонанд:
«Раббано отино фид-дунё ҳасанатав-ва фил-охирати ҳасанатав-ва қино азобан-нор».
Тарҷума: «Парвардигоро! Ба мо дар дунё некӣ бидеҳ ва дар охират некӣ бидеҳ ва аз азоби дӯзах моро раҳоӣ бахш».