Савол № 00958
Шавҳарам ба ман як бор хиёнат кард, вале ӯро бахшидам. Ҳоло медонам, ки боз ба ман хиёнат мекунад. Доимо нӯшокиҳои спиртӣ менӯшад, сигор мекашад ва дурӯғ мегӯяд.
Савол:
Ассалому алайкум. Ман модари як фарзанд ҳастам. Чандин саволҳои худро ба шумо равон карда будам ва посух ҳам гирифтам. Шавҳарам ба ман як бор хиёнат кард, вале ӯро бахшидам. Ҳоло медонам, ки боз ба ман хиёнат мекунад. Доимо нӯшокиҳои спиртӣ менӯшад, сигор мекашад ва дурӯғ мегӯяд. Рӯз аз рӯз рашки ман ва нобовариам зиёд мегардад. Намедонам чӣ кор кунам, ки шавҳарам ба роҳи рост раваду нӯшокии спиртӣ нанӯшад ва зино накунад. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, ягон панде гӯед, ки шавҳарамро ба роҳи рост барад. Ман шавҳарамро дӯст медорам ва намехоҳам хонавайрон шавам. Ман ҷавоби шуморо бесаброна интизорам
Саволдиҳанда: Мадина.
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо сабрро пеша кунед, зеро раҳмат ва нусрати Худованд ҳамроҳи собирон аст. Илова бар ин, пас аз хондани намозҳои панҷгона ва намозҳои нофилаи шабона ҳар мақсаде, ки дошта бошед, аз Худованд онро бихоҳед ва дуо кунед. Хусусан ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро бисёр хонед. Умед аст, ки Худованд мушкили шуморо осон ва беҳтарин рӯзҳоро насибатон мегардонад. Воқеъияти зиндагӣ нишон медиҳад, ки хайрхоҳии тарафайн боиси хушу гуворо шудани зиндагии зану шавҳар мегардад. Шумо дар ҳолати ҳушёрии шавҳаратон бо ӯ бо нармию меҳрубонӣ муносибат кунед ва изҳори муҳаббат намоед. Илова бар ин, модоме ки шумо фарзанд доред, умед аст, ки шавҳаратон ислоҳ мешавад, бинобар ин, ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед.