Савол № 00096

Агар ба ягон кас қарз дода бошем ва хеле гузашта, донем, ки қарздор дода наметавонад, аз баҳри ҳамон қарз гузарем, эҳсон ҳисоб мешавад ё не?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар ба ягон кас қарз дода бошем ва хеле гузашта, донем, ки қарздор дода наметавонад, аз баҳри ҳамон қарз гузарем, эҳсон ҳисоб мешавад ё не?

Саволдиҳанда:Нилуфар

Ҷавоб:

Оре, аз нигоҳи дину эътиқод ҳар ҷавонмардие аҷру подош дорад, аз ҷумла бахшидани қарз. Ҳар амали инсон вобаста ба ният аст. Дар ҳадисе аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:

" مَنْ نَفَّسَ عَنْ مُؤْمِنٍ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ الدُّنْيَا، نَفَّسَ اللهُ عَنْهُ كُرْبَةً مِنْ كُرَبِ يَوْمِ الْقِيَامَةِ. وَمَنْ يَسَّرَ عَلَىٰ مُعْسِرٍ، يَسَّرَ اللّهُ عَلَيْهِ فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ. وَمَنْ سَتَرَ مُسْلِماً، سَتَرَهُ اللهُ فِي الدُّنْيَا وَالآخِرَةِ. وَاللهُ فِي عَوْنِ الْعَبْدِ مَا كَانَ الْعَبْدُ فِي عَوْنِ أَخِيهِ " .

«Ҳар ки мусулмонеро аз андӯҳе аз андӯҳҳои дунё раҳо кунад, Худои Мутаъол ӯро аз андӯҳе аз андӯҳҳои қиёмат раҳо кунад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Мутаъол бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо, дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад». (Ривояти Муслим).

2015-06-01
3450
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38