Савол № 00963

Мехостам фаҳмам, ки ҳозира аҳолии давлати Исроил аз кадом авлод ҳастанд?

Савол:

Домуллои гиромӣ муҳтарам, мехостам фаҳмам, ки ҳозира аҳолии давлати Исроил аз кадом авлод ҳастанд? Номи Исроил ҳам дар байни тоҷикон низ монда мешавад, ин дуруст ҳаст.

Саволдиҳанда: Хайриддин

Ҷавоб:

Ассалому алайкум Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, оиди аҳолии давлати Исроил шумо метавонед аз шабакаи “Гугл” ё “Википедиа” маълумоти комил дарёфт намоед. Номи Исроил лақаби Пайғамбари Худо - ҳазрати Яъқуб (а) аст ва маънои он банда ва баргузидаи Худо мебошад. Бинобар ин, гузоштани ин ном комилан дуруст аст, чунонки дар урфи мардуми мо маъмул шудааст.

2017-03-16
3227
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:17
Пешин12:40
Аср17:59
Шом20:00
Хуфтан21:30