Савол № 00968

Оид ба имон овардан ба тақдири илоҳӣ мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Оид ба имон овардан ба тақдири илоҳӣ мегуфтед.

Саволдиҳанда: Ҷаҳонгир

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, имон доштан ба тақдир яке аз фаризаҳои динӣ ва як рукни асосии имон ба шумор меравад. Инсон бояд имони қавӣ дошта бошад, ки ҳама чиз ба тақдири Худованд аст, вале ин маънои маҷбур будани инсонро надорад, зеро Худованд ба ӯ ирода ва ихтиёр додааст, ки дар интихоби амали нек ё бад озод мебошад. Бинобар ин, агар инсон бо ирода ва ихтиёри худ яке аз ин ду амалро интихоб кунад, натиҷаи онро хоҳад дид. Ин ду ҳолат ҳам иродаи Худост, бе иродаи Ӯ ҳеҷ коре карда намешавад. Инсон касбкунандаи корҳои худ ва Худованд офаринандаи он аст. Такрор мекунем, ки ба инсон ихтиёри ҷузъӣ дода шудааст, ки дар интихоби амали бад ё нек озод аст. Инсон масъули тамоми амалҳояш мебошад, аз ин сабаб, рӯзи қиёмат аз ӯ пурсида мешавад, ки умри хешро дар кадом роҳ сарф кардааст.     

2017-03-17
4511
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42