Савол № 00971

Вактҳои охир намозҳоямро дар вақташ хонда наметавонам, ба намози ҷамоат ҳам ҳафтае ду-се бор меравам, сабабашро намедонам.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Вактҳои охир намозҳоямро дар вақташ хонда наметавонам, ба намози ҷамоат ҳам ҳафтае ду-се бор меравам, сабабашро намедонам. Хоҳиш мекунам маслиҳат диҳед.

Саволдиҳанда: Шукриддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шумо зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алиййил-Азим”-ро бисёртар гӯед, зеро ин касолат аз васвасаи шайтонӣ аст. Умед аст, ки ба баракати ин зикр дар шумо рағбат ба намоз ва ҷамоат пайдо мешавад.

2017-03-17
3479
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56