Савол № 00973

Барои чӣ дар Ислом чор мазҳаб аст?Аз қафои олиме, ки бадном шудаасту тавба кардааст, намоз хондан дуруст аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Домуллои гиромӣ, якчанд суол доштам. 1. Оё бо фатвои ғайри муқаллидин амал кардан дуруст аст? 2. Дар бораи маҳв шудани савобҳои инсони муртад ягон оят ё ҳадис ҳаст? 3. Барои чӣ дар Ислом чор мазҳаб аст? 4. Ҳадиси мутавотир чист? Муфассалтар мегуфтед. 5. Аз қафои олиме, ки бадном шудаасту тавба кардааст, намоз хондан дуруст аст? Боқӣ дар амони Худо бошед.

Саволдиҳанда: Муллоаваз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, барои оммаи мардум зарур аст, ки пойбанди як мазҳаб бошанд, аз ин рӯ, ба фатвои ғайри муқаллидин амал кардан дуруст нест, зеро хилофи иҷмоъи уммат аст. 2. Муртад шудан сабаби ботил шудани амалҳо мегардад. Худованд дар китоби худ мефармояд: “Ва ҳар ки имонро инкор кунад, пас амалаш нобуд шавад ва ӯ дар охират аз зиёнкорон аст”. (Сураи “Моида”, ояти 5). Ҳамчунин дар ҷои дигар Худованд мефармояд: “Ва ба дурустӣ, ба сӯи ту ва ба сӯи онон, ки пеш аз ту буданд, ваҳй фиристода шуд, ки агар шарик(-и Худо) муқаррар кунӣ, албатта, амали ту нобуд гардад ва албатта, аз зиёнкорон шавӣ”. (Сураи “Зумар”, ояти 65). 3. Баъд аз реҳлати Пайғамбари Худо (с) мазоҳиби бисёре ба вуҷуд омаданд ва бо мурури замон аз байн рафтанд, вале чор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат аз сабаби доштани пайравони бисёр ва далелҳои муътамадашон боқӣ монданд. 4. Ҳадиси мутавотир он ҳадисеро мегӯянд, ки дар санади он даҳ нафар ё зиёда аз даҳ нафар вуҷуд дорад, маънои мутавотир пайдарпай будани силсилаи санадро мегӯянд. 5. Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки гузоридани намоз аз пушти ҳар як фарди некукор ва бадкирдор ҷоиз аст. Бинобар ин, олиме, ки аз кори бад тавба карда бошад, гузоридани намоз аз паси ӯ ба тариқи авло дуруст аст. (“Нафъул-муфтӣ”, с. 39).

2017-03-27
2834
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38