Савол № 00977

Мехоҳам фаҳмам, ки барои инсон тақво зарур аст ё илм? Лутфан пурратар ва саҳеҳ ҷавоб диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум. Мехоҳам фаҳмам, ки барои инсон тақво зарур аст ё илм? Лутфан пурратар ва саҳеҳ ҷавоб диҳед. Аллоҳ ҷазои хайрамон диҳад.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои инсон илм омӯхтан зарур аст, зеро сарчашмаи тақво илм аст ва фазилати он аз ҳама чиз болотар мебошад. Расули Худо (с) дар ин маврид мефармоянд: “Фазилат ва бартарии олим бар обид монанди фазилати ман бар поинтарини шумо аст”. (Ривояти Тирмизӣ) Ёдовар бояд шуд, ки ҳосил кардани тақво бидуни илм муяссар намегардад, аз ин рӯ, омӯхтани илм дар дараҷаи аввал қарор дорад.    

2017-03-27
2790
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:42
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:08
Хуфтан18:38