Савол № 00981
Ман ба маблағи 100 доллар қарз гирифтам, ки қурбаш 450 сомонӣ буд. Ҳоло қурби он 800 сомониро ташкил медиҳад. Қарзамро бо кадом қурб баргардонам?
Савол:
Ман ба маблағи 100 доллар қарз гирифтам, ки қурбаш 450 сомонӣ буд. Ҳоло қурби он 800 сомониро ташкил медиҳад. Қарзамро бо кадом қурб баргардонам?
Саволдиҳанда: Далер
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, қарзе, ки шумо гирифтед, бо асъори доллар аст, алҳол бошад, доллар дар муомилот ривоҷ дорад, аз ин рӯ, қарзи гирифтаатонро бо доллар бозпас гардонед, қимати боло рафтани он бо пули сомонӣ эътибор надорад.