Савол № 00997

Дар сомонае хондам (оиди омӯзиши намоз), ки баъди саҷдаи аввал «Сарро аз саҷда бардошта такбир бигӯ ва дузону шаву...

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Дар сомонае хондам (оиди омӯзиши намоз), ки баъди саҷдаи аввал «Сарро аз саҷда бардошта такбир бигӯ ва дузону шаву пои чапро бихобон ва дар болои он нишаста пои ростро истода кун ва чандон диранг кун, ки тамоми андомҳоят ором бигиранд ва дар ин ҳангом ду бор «Раббиғфир лӣ» (Парвардигоро маро бибахшо!) бигӯ, баъдан саҷдаи дуюмро иҷро намо». Оё ин амал дуруст аст? Худо аз Шумо розӣ бошад!

Саволдиҳанда: Давлат

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, тиб и мазҳаби ҳанафӣ дуо кардан дар байни ду саҷда фақат дар намозҳои нафлӣ ҷоиз аст, аммо дар намозҳои фарзӣ байни ду саҷда ба андозаи як тасбеҳ ором мегирад ва сипас намозашро идома медиҳад. Дар китоби “Мароқил-фалоҳ”, с. 137 оиди ин масъала чунин овардааст: “Дар миёни ду саҷда дастонашро болои ронҳояш гузошта оромона менишинад, дар ин ҳолат зикри маснун нест ва он дуое, ки ворид шудааст, дар намози таҳаҷҷуд хонда мешавад”.

2017-03-31
3170
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56