Савол № 00999

Илтимос, барои ман фаҳмонед, ки дар кадом ҳолат намоз бурида мешавад.

Савол:

Ассалому алайкум. Илтимос, барои ман фаҳмонед, ки дар кадом ҳолат намоз бурида мешавад.

Саволдиҳанда: Муллоолим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намоз дар ҳолатҳои зерин бурида мешавад: 1. Яке аз фарзҳои намозро тарк кардан. 2. Дар дохили намоз салом додан. 3. Сухан гуфтан. 4. Амали бисёр кардан, ҳамчун миён бастан ва масҳӣ пӯшидан ва ғайра. 5. Синаро аз қибла гардондан. 6. Хӯрдану ошомидан. 7. Нола ва гиря кардан, магар барои амри охират. 8. Бараҳна шудани аврат. 9. Девона ё беҳуш шудан. 10 Ёфтани об барои шахси таяммумдор. 11. Аз рӯи Қуръон хондан. 12. Хандидан дар аснои намоз. 13. Бетаҳорат шудан ва ғайра. (“Фиқҳи муяссар”, с. 97-102) 

2017-04-01
3204
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:07
Пешин12:40
Аср15:29
Шом17:26
Хуфтан18:56