Асосӣ Хабарҳо Тақсими тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён дар Маркази исломӣ

Тақсими тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён дар Маркази исломӣ

Тақсими тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён дар Маркази исломӣ
2015-10-06
7582

Рӯзи 6-уми октябри соли 2015 дар Маркази исломии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии  хайриявӣ  доир ба тақсими  Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён анҷом гирифт. Дар ин чорабинӣ намояндагони  Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.  Зимни чорабинии мазкур ба 54 нафар нобиноён, ки аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шуда буданд, як нусхагӣ аз Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ, ки ҳар як нусха аз 9 ҷилдӣ иборат буд, ҳадя дода шуд. Инчунин ба ин нафарони нобино  аз ҷониби роҳбарияти Маркази исломӣ ҳадяҳои пулӣ низ тақдим карда шуд.

Дар хотимаи чорабинӣ нобиноён изҳори шодмонӣ ва хушҳолӣ намуда, дар ҳаққи  роҳбарияти кишвар ва саҳмгузорони ин амали хайр дуои нек намуданд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:55
Пешин12:40
Аср16:47
Шом18:46
Хуфтан20:16
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Муфассалтар