Тақсими тарҷумаи Қуръони карим бо забони тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён дар Маркази исломӣ
Рӯзи 6-уми октябри соли 2015 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хайриявӣ доир ба тақсими Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ барои нобиноён анҷом гирифт. Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Зимни чорабинии мазкур ба 54 нафар нобиноён, ки аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват шуда буданд, як нусхагӣ аз Қуръони карим бо тарҷумаи тоҷикӣ бо хатти Брайлӣ, ки ҳар як нусха аз 9 ҷилдӣ иборат буд, ҳадя дода шуд. Инчунин ба ин нафарони нобино аз ҷониби роҳбарияти Маркази исломӣ ҳадяҳои пулӣ низ тақдим карда шуд.



Дар хотимаи чорабинӣ нобиноён изҳори шодмонӣ ва хушҳолӣ намуда, дар ҳаққи роҳбарияти кишвар ва саҳмгузорони ин амали хайр дуои нек намуданд.
More news
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Speeches by the President
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
MoreSpeeches by the Head of Islamic Сentre
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
More


