Асосӣ Хабарҳо Табрикот ва Муроҷиатномаи Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон

Табрикот ва Муроҷиатномаи Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон

Табрикот ва Муроҷиатномаи Раёсати Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми Тоҷикистон
2015-01-21
4827

МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН МУБОРАК, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Дуруду салавот бар Паёмбари охири замон(с).

Баъди чанд рўзи баҳисоб моҳи Рамазони соли 1435-юмиҳиҷрии қамарӣ барои тамоми мусалмонони олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон фаро мерасад. Раёсати Маркази исломии Тоҷикистон ва Шўрои уламои кишвар ҳар як сокини диёри азизамонро бо омад-омади ин моҳи фархундаву муборак ва гиромиқадру пурнеъмат муборакбод гуфта, тани сиҳату хотири болида ва бурдбориву иродатмандиҳоро таманно мекунад. Моҳи шарифи Рамазон дар фазои сулҳу суботу ваҳдати комил ва осудагии мардуми Тоҷикистон ба хонаҳои мо дар мекўбад, ки боиси шукргузории беҳадду ҳудуди ҳар яки мо назди Офаридгори меҳрубон аст. Аз ҳикматҳои илоҳист, ки мардум бояд ҷамъу муваҳҳид ва дар иттиҳоду ҳамбастагӣ бошанд, манофеи умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ ва гурўҳӣ болотарҳисобанд, барои фардои наслҳои оянда кишвари ободро ба мерос гузоранд. Таҷлили 20-солагии Сарқонуни мамлакат ва 600-солагии бузургдошти Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, яке аз нобиғагони илму адаб ва фарҳанги Шарқ ва хидматгузори содиқу вафодори дини мубини ислом баъди Рамазони бузург фаро мерасанд. Албатта, дар чунин муҳити ободиву озодагӣфаро расидани Рамазони шариф низ як неъмати бузургу бебаҳои Худованди беҳамтост. Шукри Парвардигори яктову тавоно ва бахшояндаву меҳрубон, ки ин гуна саодатмандиро насиби мову Шумо гардонидааст.

Ҳар сокини Тоҷикистон, ки худро мутааллиқ ба дини мубини Ислом мешуморад, медонад, ки Рамазон саросар аз раҳмату мағфирати Парвардигори олам саршор аст ва Худованди таъоло бо фарорасии ин моҳ дарҳои дўзахро баста, дарҳои биҳиштро боз мекунад. Дар фармудаҳои Қуръони карим ва аҳодиси Паёмбари гиромии Ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) моҳи баракату эҳсон, хайру саховат, раҳматумағфират, омурзиши гуноҳҳо ва иҷобати дуоҳо будани Рамазон таъкид шудааст. Муҳимтарин далел азбузургии ин моҳ ҳамин аст, ки дар он китоби муқаддаси Қуръон нозил шудаааст.

Рўзаи моҳи шарифи Рамазон ҳамчун рукни сеюми динимубини Ислом аҷру савоб ва подоши беҳисоб дорад.Паёмбари гиромӣ рўзаи моҳи Рамазонро сипар ванигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, дар ҳадисе фармудаанд, ки «рўза доштан танҳо нахўрданунаошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста вакорҳои зишт низ мебошад».

Худованд дар каломи шарифи хеш (ояи 185-уми сураи «Бақара») мефармояд: «Моҳи Рамазон моҳест, ки дар онҚуръон фурў фиристода шудааст, китобе, ки мардумро роҳбар ва дарбаргирандаи далоили ошкори ҳидоят ваҷудокунандаи ҳақ аз ботил аст. Ва ҳар ки аз шумо ин моҳро дарёбад, пас, албатта, дар он рўза дорад ва ҳар ки бемор ё мусофир бошад, пас, барои вай ба шумори он чи фавт шуд, аз рўзҳои дигар лозим аст. Худо барои шумо осониро мехоҳад ва барои шумо душвориро намехоҳад».

Дар ин моҳ ба сар бурдани ҳаёти ҳалолу покиза аз рўи муқаррароти исломӣ, ибодатҳои доимӣ ва муноҷотҳои сидқӣназди Офаридгор, эҳтирому мурувват кардан ба атрофиён, аз рўи имконияту тавоноӣ дасти мўҳтоҷону камбизоатонро гирифтан, аз ҳама гуна амалҳои зишту ношоиста, алфозиқабеҳ худдорӣ намудан, кўшиши ҳамарўза барои корҳои савоб ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки барои рўзадоронҳатмӣ шумурда мешаванд. Бузургии ин моҳ дар он аст, ки сурату сират ва зоҳиру ботини мусалмон бояд яксон падид ояд.

Як рукни муҳими ин моҳи муборак ҳамин аст, ки мардуми мусалмон зиндагии фардӣ ва иҷтимоии худро мураттаб менамоянд ва мафкураву зеҳнашонро зери таъсири каломи Илоҳӣ поку муназзаҳ мегардонанд. Дар ин мавридҲазрати Расули Акрам (с) дар яке аз аҳодиси муборакашон мефармоянд: «Тамоми аъмоле, ки фарзанди Одам анҷом медиҳад, аз даҳ то ҳафтсад баробар ба онҳо подош дода мешавад, магар рўза, ки Парвардигор мефармояд: «Рўза барои ман аст ва ман подошашро хоҳам дод. Инсони рўзадор ба хотири ман хўрдану нўшидан ва ҳавои нафсашро тарк кардааст». Рўзадор ба ду хушҳолӣ даст меёбад: аввалин хушҳолӣ ба ҳангоми ифтор ва дувумин хушҳолӣ ҳангоми мулоқоти Парвардигор. Бўйи даҳони рўзадор дар назди Худо аз бўйи мушк хушбўтар аст».

Пас, ҳар фарди баимонро зарур аст, ки тибқи фармудаҳои Илоҳӣ ва аҳодиси шарифи марбут ба моҳи Рамазон амал кунад, то ин ки дурри мақсудро бар ивази тақвову парҳез ва амалҳои хайр дарёбад. Яке аз амалҳоихайре, ки дар Рамазони муборак анҷом додани он хеле зиёдтаъкид шудааст, пеш аз ҳама, ба ятимону маъюбон, бепарасторон ва оилаҳои камбизоат садақа додан ба шумормеравад. «Боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳиРамазон анҷом гирад», гуфта мешавад дар ҳадиси Сарвариҳарду олам Муҳаммади Мустафо (с). Ин садақа на аз хотири шўҳрату ном, балки аз рўи имони қавӣ, бо дасту дили кушод ва баҳри ризои Худованд бояд анҷом дода шавад.

Дар ҷомеи имрўзаи мо мутаассифона баъзе тоҷироне ёфт мешаванд, ки молу маҳсулоташонро қасдан пинҳон намуда, маҳз дар Рамазони шариф бон архи гарон ба фурўш мебароранд. Дар дини Мубини Ислом ин гуна шахсиятҳоро мўҳтакир мегўянд, ки аз қавли Пайғамбари гиромӣ Худованд онҳоро лаънат хондааст. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбари Худо (с) фармудаанд:Албатта, анҷом додани ҳар амале, ки ба хайроту садақа марбут аст, мувофиқ ба имконоти иқтисодии мардум сурат мегирад. Дар ин масъала бояд, қабл аз ҳама, тоҷирону соҳибкорон тибқи ахлоқ ва одоби исломӣ рафтор дошта бошанд. Дар моҳи шарифи Рамазон муносиб буд, ки тоҷирон ва соҳибкорон қиммати маводи ғизоиро аз боло рафтан нигоҳдоранд, зеро ҷанбаи некукории Паёмбар (с) дар моҳи Рамазон тараққӣ карда, монанди боди сабо нафъаш бо сарорсар ба мардум мерасид. Ҳар амали хайре, ки фарди мусулмон дар моҳи мубораки Рамазон анҷом медиҳад, нисбат ба моҳҳои дигар савоб ва фазилати беандоза дорад. Мардум дар ин моҳи шариф ба анҷоми амалҳои хайр эҳтиёҷи зиёд доранд. Ҳар тоҷире, ки қаноатро пешаи худ дода, бо фоидаи андак розӣмешавад, соҳиби баракоти зиёд мегардад. Чунончи Ҳазрати Алӣ (рз) фармуданд: «Эй гурўҳи тоҷирон, ҳаққи худро гиред, саломат мемонед, фоидаи андакро рад накунед, ки аз фоидаи зиёдаш маҳрум мешавед».

«Ҳар касе ба муддати чил шабонарўз таомеро эҳтикор ва захираандўзӣ кунад, дар воқеъ аз Худо безорӣ ҷустааст ва Худо низ аз ў безор шудааст». (Ривояти Аҳмад ва Ҳоким).

Дар ҳадиси дигаре, ки Умар ибни Хаттоб (р) ривоят кардааст, Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Ҷалбкунанда (-и маводди ғизоӣ) баҳраманд ва муҳтакир (захираандўз) малъун аст». (Ривояти Ибни Моҷа).

Эҳтикор ва захираандўзӣ кардани маводди ғизоӣ аз нигоҳи фиқҳи исломӣ макрўҳи таҳримӣ аст, зеро ин амал сабаби боло рафтани нархҳо гардида мардум лавозимоти рўзмарраи зиндагияшонро ба мушкилӣ ба даст меоранд. Аз ҳамин ҷиҳат хулафои рошидин кўшиш мекарданд, то касе эҳтикор накунад ва арзиши маводди истеъмолӣ боло наравад. Чунончи Умари Форуқ (р) дар шаҳр гаштугузор мекард ва ин амалро таҳти назорат қарор медод. (Муваттаъи Имом Молик).

Дар китоби «Мухтасару-л-виқоя» омадааст:

«Эҳтикори маводди истеъмолии мардум ва ҳайвонот азқабили гандум, ҷав ва коҳ дар шаҳре, ки сабаби зарари аҳли он мегардад, макрўҳи таҳримӣ аст, зеро Имом Муслим аз Маъмар ибни Абдуллоҳи Адавӣ ривоят кардааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд: «Фақат шахси гунаҳгор ба эҳтикор даст мезанад». («Мухтасару-л-виқоя», ҷ. 2, с. 222).Баръакс, Парвардигори олам мардеро, ки ҳангоми харидуфурўш сахиву ҷавонмард аст, мавриди раҳмати хеш қарормедиҳад.

Аз Абўсаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармудаанд:

«Тоҷири ростгў ва амин бо пайғамбарон, сиддиқон ва шаҳидон барангехта хоҳад шуд». (Ривояти Тирмизӣ, Доримӣва Дорақутнӣ).

Аз ин хотир, мо ба ҳама тоҷирону соҳибкорон, фурўшандагони маводи ғизоӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба таъминоти мардум бо молу маҳсулоти хўрокворӣ машғуланд, муроҷиат намуда, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки нарху наворо ба таври сунъӣ набардоранд, баръакс, агар тавонанд, бо паст кардани нарху наво ва муомилаи неку гуворо, корҳои савоб ва хизматрасониҳои иловагӣ дар ин моҳи шариф ба меҳрубониҳои Худованди раҳиму раҳмон мушарраф гарданд. Онҳо бояд мутмаин бошанд, ки ҳар зарра некие, ки дар ҳаққи мардуми рўзадор мекунанд, аз нигоҳи заррабини Худованди бузург пинҳон нахоҳад монд.

Боқӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон сабру иродат, тандурустиву осудаҳолӣ ва рўзгори пурбаракатро дар ин моҳи азизу муқаддас аз даргоҳи Худованди мушфиқу меҳрубон ба дуо таманно дорем.

Раёсати Маркази исломии Ҷумҳури Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар