Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Омски Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд
Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 24-уми январи соли 2024 зимни як сафари корӣ ба шаҳри Омски Федератсияи Россия бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр мулоқот анҷом доданд. Дар ин мулоқот Саидмукаррам Абдуқодирзода доир ба масоили муҳими ҷомеа суханронӣ намуда, дар баробари ёдоварӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар инчунин доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, аз қабили бархе аз зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини Ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои террористӣ ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуд.
Дар рафти мулоқот байни ҳайати гурўҳи корӣ ва муҳоҷирон суолу ҷавоб сурат гирифт. Муҳоҷирони тоҷик ба суолҳои сершумори худ доир ба масоили мухталиф посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Инчунин муҳоҷирони тоҷик аз иқдому дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар, ки ба беҳбуд гаштани шароити кории онҳо равона гардидааст, изҳори қадрдонӣ намуданд. Эҳсос мегардид, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарур ва муфид мебошад ва зимнан, муҳоҷирони тоҷик низ хоҳиш намуданд, ки чунин мулоқотҳо ҳарчи бештар роҳандозӣ карда шавад.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «МОҲИЯТИ ТАҲАММУЛПАЗИРИИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


