Home News Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Омски Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Омски Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд

Мулоқоти  Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар шаҳри Омски Федератсияи Россия кору фаъолият мекунанд
2024-01-25
724

         Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 24-уми январи соли 2024 зимни як сафари корӣ ба шаҳри Омски Федератсияи Россия бо шаҳрвандони тоҷики муқими ин шаҳр мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот Саидмукаррам Абдуқодирзода доир ба масоили муҳими ҷомеа суханронӣ намуда, дар баробари ёдоварӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар инчунин доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, аз қабили бархе аз зуҳуроти номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини Ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои террористӣ ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуд.

          Дар рафти мулоқот байни ҳайати гурўҳи корӣ ва муҳоҷирон суолу ҷавоб сурат гирифт. Муҳоҷирони тоҷик ба суолҳои сершумори худ доир ба масоили мухталиф посухҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд. Инчунин муҳоҷирони тоҷик аз иқдому дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар, ки ба беҳбуд гаштани шароити кории онҳо равона гардидааст, изҳори қадрдонӣ намуданд. Эҳсос мегардид, ки чунин вохӯриву суҳбатҳо бо муҳоҷирони тоҷик зарур ва муфид мебошад ва зимнан, муҳоҷирони тоҷик низ хоҳиш намуданд, ки чунин мулоқотҳо ҳарчи бештар роҳандозӣ карда шавад.

Pray time in Dushanbe

05.05.2024

More
Fajr03:42
Zuhr12:40
Asr17:27
Maghrib19:32
Isha21:02
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More