ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон рўзи 14 августи соли ҷорӣ дар кори Конфронси байналмилалӣ, ки тариқи маҷозӣ бо ибтикори «Маркази рушди муколамаи байни мазҳабҳо ва тамаддунҳои ба номи Нурсултон Назарбаев»-и ҷумҳурии қазоқистон дар мавзўи «Ҳамсоягии неки фарҳангҳо дар асри 21 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» барузор гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ширкаткунандагони ин ҳамоиш намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва марказҳои илмии Қазоқистон, Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Покистон, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб ва созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ буданд.
Ҳадафи асосии чорабини мазкур муттаҳидсозии саъю кӯшишҳои минтақавии ҷонибҳои манфиатдор дар таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муколамаи байни тамаддунҳо дар ҷомеаи ҷаҳонии муосир, инчунин густариши шарикии судманди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пешбурди муколамаи байнидинҳо мебошад.
Аз ҷониби маърузачиён қайд гардид, ки "Муколама боэътимодтарин роҳи таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва субот дар минтақа аст, дар ҳоле ки ба ҳам наздик шудани фарҳангҳо ва мардумон тавассути муттаҳид кардани саъю кӯшишҳои кишварҳои мо дар асоси принсипи манфиатҳои умумӣ имконпазир аст".
Дар навбати худ Раиси Шўрои уламои Тоҷикистон баромад намуда, қайд карданд, ки дар воқеъ, дини мубини Ислом ва таълимоти он дар бораи инсон ва инсондӯстӣ, заминаи мусоид фароҳам овардааст. Мисоли ин осори шоир ва мутафаккири бузурги мо – Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ аст, ки ҷомеаро бо ҷисми инсон ва афродро бо узвҳои органикии он ҳамсон мекунад. Агар як кисмаш осеб дида бошад, боқимондаи он низ осеб дида, аз ҳолати оромӣ мебарояд. Бинобар ин аз нуктаи назари у фазилат бояд сифати асосии инсон бошад. Саъдии бузург дар «Гулистон»-и худ касбу макоми инсонро дар байни мардум чунин муайян кардааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту, ки аз меҳнати дигарон беғами
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!
Ба ҳамагон маълум аст, ки мусулмонони Осиёи Марказӣ аз лиҳози таърихӣ пайравони дини мубини Ислом ва дар мазҳаби ҳанафӣ буда, ба пояҳои анъанавии бунёдии он – таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ, гуногунандешӣ, созандагӣ, ҳамгироӣ ва рушд комилан шарик ҳастанд. Сарчашмаҳои ибтидоии мусулмонӣ, хусусан мактаби фиқҳӣ ва ҳуқуқии Абӯҳанифа ҳама чизеро, ки мо пешрафти ҷомеа, рушду шукуфоӣ меномем, тарғиб мекунад. Маҳз дар ҳамин асос форуму маҷлисҳои гуногуни идеологиро гузарондан, роҳҳои ҳалли проблемаҳои таъхирнопазирро якҷоя ҷустуҷў кардан мумкин аст.
Дар охири суханрониашон қайд карданд, ки агар мо дар ҳақиқат ҷаҳонро ба некӣ дидан хоҳем, бояд дар байни мо сулҳу осоиш ва муносибатҳои нек вуҷуд дошта бошад. Дини мубини Ислом моро ба сулҳу осоиштагӣ, сарфи назар аз дину миллат, даъват мекунад. Муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ҳамаи моро як оила месозад, ки ба рушди ҷомеа ва миллатҳо мусоидат мекунад. Агар инсонҳо бо ҳам иттифоқу иттиҳод шаванд, бо ёрии ҳамдигар метавонанд мушкилоти пешомадаро ба осонӣ ҳал намоянд. Давлатҳои ҳамсоя бояд мушкилоти ҳамдигарро бо ҳам дида, барои кумаки ҳамдигар ҳамеша омода бошанд.
Дигар хабарҳо
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ТОҶИКИСТОН САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР ШАҳРИ МАККАИ МУКАРРАМАИ АРАБИСТОНИ САУДӢ (4-5 августи соли 2024)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар