Изҳороти Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мо мусалмонони Тоҷикистон бо изҳори ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо тамоми мусалмонони ҷаҳон партоби мушакро, ки шӯришгарони Ҳусӣ 27 октябри соли 2016 ба ҷониби Маккаи мукаррама, қиблаи мусалмонони ҷаҳон, гаҳвораи Ислом ва сарзамини Расули Акрам (с) анҷом доданд, қотеона маҳкум менамоем.
Ин амали зишту нафратангез, ки дар маҳдудаи мантиқу ақли солим намеғунҷад, бори дигар исбот мекунад, ки нерӯҳои вайронгар ҳеҷ эҳтироме бар ахлоқу арзишҳои волои динию инсонӣ намегузоранд ва тамаддуни башариятро ба чолиш мекашанд. Қарзи инсонии мост, ки алайҳи чунин нерӯҳо дастаҷамъона мубориза барем.
Идомаи хушунатҳо дар Яман фоҷеаи башарӣ аст ва ба паёмадҳои ногувору мудҳиш барои тамоми минтақа дорад. Ба хотири сулҳу субот ва рифоҳи мардуми мусалмон ҷонибҳои даргирро дар ин кишвар салоҳ аст, ки бар арзишҳои муқаддаси дини мубини Ислом, иззату шарафи инсон ва ахлоқи ҳамида арҷ гузоранд ва бо роҳи гуфтушунид ва ҳусни тафоҳум истиқрори сулҳу адолатро дар сарзамин худ таъмин намоянд.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШУРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН ДАР МУЛОҚОТ БО СОКИНОН ВА ФАЪОЛОНИ Н. МУЪМИНОБОДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


