Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Пайғамбар (с)
Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 2-юми декабри соли 2016 қарор баровард. Дар банди дуюми қарори мазкур чунин омадааст: “Ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 9-уми декабри соли 2016 бе додани таом қайд карда шуда, баъди анҷоми ҷашни мавлуд ба Маркази исломӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад”. Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид. Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.
Дигар хабарҳо
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗЎИ «КОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАФИЛИ ТАЪМИНИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ШАХСӢ» (БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ ҚОНСТИТУСИЯИ ҶУМҲУРИИ
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти нобаҳангоми донишманди адабу дин устоди гиромӣ Абдушариф Боқизода андўҳгин буда, ба аҳли хонадону пайвандонашон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ баён медорад.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА – РАИСИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР КОРИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВӢ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗЎИ «НАҚШИ АРЗИШҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА ДАР КОНФРОНСИ МАҶОЗӢ ДАР МАВЗЎИ «ҲАМСОЯГИИ НЕКИ ФАРҲАНГҲО ДАР АСРИ 21 ДАР КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ» (14-ум август-қазоқистон)
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
Муфассалтар