Home News Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Пайғамбар (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Пайғамбар (с)

Қарори Раёсати Шўрои уламо дар бораи мавлуди фархундаи Пайғамбар (с)
2016-12-02
5387

Чунонки маълум аст, ҳар сол дар моҳи Рабеъул-аввал мавлуди мубораки Расули акрам (с) дар ҳамаи масҷидҳои ҷомеъи кишвар баргузор мегардад. Вобаста ба ин рўйдоди фархунда Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 2-юми декабри соли 2016 қарор баровард. Дар банди дуюми қарори мазкур чунин омадааст: “Ҷашни мавлуди Пайғамбар (с) дар масҷидҳои ҷумҳурӣ рӯзи 9-уми декабри соли 2016 бе додани таом қайд карда шуда, баъди анҷоми ҷашни мавлуд ба Маркази исломӣ ҳисоботи хаттӣ пешниҳод карда шавад”. Қобили зикр аст, ки мавлуди Расули Худо (с) яке аз рӯйдодҳои муҳим ва фаромӯшношуданӣ дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Ба шарофати ин рӯйдоди саодатофарин таҳаввулоти бузурге дар зиндагии аҳли башар ба вуқуъ пайваст ва олам ба нури вуҷуди Ӯ мунаввар гардид. Раёсати Шўрои уламо кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Pray time in Dushanbe

20.03.2025

More
Fajr04:55
Zuhr12:40
Asr16:47
Maghrib18:46
Isha20:16
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

More