Вокуниш ба мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google» фатво мехоҳанд»
Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google» фатво мехоҳанд», ки дар сомонаи интернетии «Радиои Озодӣ» ба табъ расида буд, мавриди таҳлил қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодии пайравӣ ба дин аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ Донишкадаи исломӣ ва ҳамчунин беш аз 4000 масҷид, ибодатгоҳ ва ҷамоатхона фаъолият мекунад, ки хоҳишмандон метавонанд эътиқодоти динии худро озодона қонеъ гардонанд.
Бо назардошти пешравии техникаву технология, хизматрасониҳои интернетӣ, мардум аз онҳо озодона истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «ҳизби Таҳрир», равияи экстремистии «Салафия» ва амсоли инҳо бо номҳои гуногун ба тарѓиби ақидаи исломӣ машѓуланд, ки бештар хусусияти ифротӣ дошта, барои барангехтани кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ равона гардидаанд. Инчунин сомонаҳое мавҷуд мебошанд, ки аз ҷониби равияву мазҳабҳои дигар, шахсони алоҳидаи ѓараздор таъсис дода шуда, оид ба дурустии маълумот ягон масъулият надоранд. Аснои истифода аз чунин сомонаҳои динӣ шахс метавонад ба иштибоҳ мувоҷеҳ гашта, зери таъсири ақидаҳои ифротӣ қарор гирад.
Бо мақсади содир намудани фатвоҳои исломӣ, тарѓиби мазҳаби ҳанафӣ ва посух ба саволҳои динӣ Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сол инҷониб сайти интернетии shuroiulamo.tj-ро таъсис дода, ба саволҳои воридгардида пайваста ҷавобҳои асоснок медиҳад. Дар Маркази исломӣ инчунин телефони боварӣ амал мекунад, ки бидуни дастрасӣ ба интернет метавон тариқи он дар тамос шуд.
ҳайати фатвои Маркази исломӣ уламои маъруфи ҷумҳурӣ, парвардаи мактаби фиқҳии Мовароуннаҳр буда, дар байни мардум эътибори хоса доранд.
Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи мо ва телефони 224-25-11муроҷиат намуда, ба саволҳои динӣ оид ба худошиносӣ, ақидаи исломӣ, фиқҳи ҳанафӣ, тафсир, ҳадис ва ѓайра посухҳои қонеъкунанда гиранд.
Дигар хабарҳо
Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намози Ҷумъа дар Масҷиди Ҷомеи Имом Бухорӣ иштирок намуданд
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдуқодирзода бо имом ва хатиби Масҷидулҳаром, Шайх доктор Солеҳ ибни Абдуллоҳ ибни Ҳумайд мулоқот намуданд.
ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА- РАИСИ ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ “СИЁСИСОЗИИ ИСЛОМ ВА ХАТАРИ ОН БА АМНИЯТИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА”
Суханронии Президент
Изҳори ҳамдардӣ ва супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб
МуфассалтарСуханронии Раиси
Маркази Исломӣ
ТАШРИФИ САИДМУКАРРАМ АБДУҚОДИРЗОДА-РАИСИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ БА МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ “ПОЙТАХТ”-И ҚУШУНҲОИ САРҲАДИИ КДАМ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Муфассалтар


