Home News Вокуниш ба мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google» фатво мехоҳанд»

Вокуниш ба мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google» фатво мехоҳанд»

Вокуниш ба мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google»  фатво мехоҳанд»
2017-11-01
3461

Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи «ҷавонони тоҷик аз «Эшони Google» фатво мехоҳанд», ки дар сомонаи интернетии «Радиои Озодӣ» ба табъ расида буд, мавриди таҳлил қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи озодии пайравӣ ба дин аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ Донишкадаи исломӣ ва ҳамчунин беш аз 4000 масҷид, ибодатгоҳ ва ҷамоатхона фаъолият мекунад, ки хоҳишмандон метавонанд эътиқодоти динии худро озодона қонеъ гардонанд.

Бо назардошти пешравии техникаву технология, хизматрасониҳои интернетӣ, мардум аз онҳо озодона истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар шабакаҳои интернетӣ сомонаҳои ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «ҳизби Таҳрир», равияи экстремистии «Салафия» ва амсоли инҳо бо номҳои гуногун ба тарѓиби ақидаи исломӣ машѓуланд, ки бештар хусусияти ифротӣ дошта, барои барангехтани кинаву адовати динӣ ва мазҳабӣ равона гардидаанд. Инчунин сомонаҳое мавҷуд мебошанд, ки аз ҷониби равияву мазҳабҳои дигар, шахсони алоҳидаи ѓараздор таъсис дода шуда, оид ба дурустии маълумот ягон масъулият надоранд. Аснои истифода аз чунин сомонаҳои динӣ шахс метавонад ба иштибоҳ мувоҷеҳ гашта, зери таъсири ақидаҳои ифротӣ қарор гирад.    

Бо мақсади содир намудани фатвоҳои исломӣ, тарѓиби мазҳаби ҳанафӣ ва посух ба саволҳои динӣ Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сол инҷониб сайти интернетии shuroiulamo.tj-ро таъсис дода, ба саволҳои воридгардида пайваста ҷавобҳои асоснок медиҳад. Дар Маркази исломӣ инчунин телефони боварӣ амал мекунад, ки бидуни дастрасӣ ба интернет метавон тариқи он дар тамос шуд. 

ҳайати фатвои Маркази исломӣ уламои маъруфи ҷумҳурӣ, парвардаи мактаби фиқҳии Мовароуннаҳр буда, дар байни мардум эътибори хоса доранд.

Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд ба сомонаи мо ва телефони 224-25-11муроҷиат намуда, ба саволҳои динӣ оид ба худошиносӣ, ақидаи исломӣ, фиқҳи ҳанафӣ, тафсир, ҳадис ва ѓайра посухҳои қонеъкунанда гиранд.

More news

Pray time in Dushanbe

25.11.2024

More
Fajr05:40
Zuhr12:40
Asr15:14
Maghrib17:09
Isha18:39
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More